- хона
- [خانه]1. маскан, як истиқоматгоҳ дар ҳавлӣ2. иморат, ҳавлӣ, ки чанд ҳуҷра дорад3. макон, ҷой, ошён; хонаи бачагон муассисаи нигоҳубини кӯдакон; кҳн. хонаи маданият муассисаи маданият ва равшаннамоии байни мардум; хона кардан макон кардан, хона сох– тан; ошён кардан, ҷо гирифтан; хона мондан (дар ҷое) хона сохтан, ошён сохтан, лона сохтан (парандаҳо, ҳашарот); хона сохтан хона бино кардан; хонаи касеро сӯхтан (сӯзондан) касеро хонавайрон кардан, ба касе сахт шикаст додан; хона ба хона шудан пароканда шуда ҳар кас ба хонаи худ рафтан; хонаат обод! офарин ба ту!, раҳмат ба ту!; хонааш сӯзад! ба бало гирифтор шавад!, хонавайрон шавад!; хона-хона ба ғунҷоиши чандин хона; зиёд, бисёр, фаровон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.